вторник, 26 сентября 2017 г.

САТХИ БЕКОРИ ДАР ВМКБ




Шумораи одамони бешугл дар ВМКБ нисбати соли 2015 дар соли 2016 зиёд гардид. Дар соли 2016  теъдоди 2558 нафар бо чои кор таъмин шуд.




Хамасола барои кам кардани сатхи камбизоати ва сатхи бекори дар шахру навохии ВМКБ барномахои зиёди давлати ва барномахои шарикони рушд рохандози мегарданд.
Яке аз ниходхое, ки новобаста бо башугл фарогирии одамони бешугл сару кордораст, агентии мехнат ва шугли ахоли дар ВМКБ мебошад.
Мутобтки барномаи мусоидат ба шугли ахоли  дар агентии мазкур  дар соли 2016ум теъдоди 1418 нафар одамони бекор, ки дар филиалхои агенти дар шахру нохияхои вилоят  ба кайд гирифта шуданд, ба он ихтисосхое, ки имруз бозори мехнат ба он ниёз дорад, фаро гирифта шуданд.
Мамадкарим Назиров, сардори раёсати агентии мехнат ва шугли ахоли  дар ВМКБ гуфт, соли 2016 соли бобарор буд ва одамони зиёди бекор сохиби чои кор гардиданд.


Мавсуф кайд дошт дар оянда мутобики накшаи раёсат барои фарогирии ахоли ба касбомузии одамони бешугл марказхои таълими дар нохияхои Рушон Рошткалъа, Ишкошим ва Мургоб низ таъсис додашуда, сатхи бекори байни ахолии боз хам пасттар мегардад.

Дар нохияи Ишкошим  дар нимсолаи якуми соли 2017 дар худуди нохия  177 адад чойхои нави кори  мавсими ва мувакати дар сохахои гуногун  таъсис дода шуд. Дар нимсолаи авали соли 2017 дар Ишкошим  ЧДММ Вахдат-4 нафар Хочагии дехконии Мамаданбар -22 нафар корчуёнро ба корхои чамъиятии муздноки муваккати  шомил кард.














Барои 580 нафар шахрвандони бешугл, ки хохиши огоз намудани фаъолияти сохибкори доранд, аз тарафи раёсати агентии мехнат ва шугли ахоли  дар доираи барномаи мусоидат ба шугли ахоли дар соли 2016 карзхои имтиёзнок дода шуд ва ба акидаи Мамадкарим Назиров сардори раёсати мазкур  ин теъдоди 580 нафар ки пештар бекора буданд, имруз аллакай сохиби бизнеси худи мебошанд ва фаъолияташонро пеш бурда истодаанд.





Мутобики нишондодхои ин раёсат дар соли 2016 дар ВМКБ 2558 нафар бо чои кор таъмин шуданд.540 нафар  ба корхои чамъияти сафарбар гардиданд.
Яъне дар хамкори бо идорахо ба мисли корхонаи фаръии хочагии манзилу комуналии шахр барои тоза кардани кучаву хиёбонхо, барои ободгардони ва хуррамсозии кучаву паскучахо ва амсоли инхо шомил мегарданд ва аз хисоби агентии мехнат ва шугли ахолии дар як мох микдори 125 сомониро хамчун музд гирифтанд.
Аммо  теъдоди бекорон дар соли 2017 нисбати соли 2016 то андозае зиёдтар хам гаштааст.


Барои киёси ин теъдод бо нишондодхои дигар  ба сарраёсати агентии омори назди президенти Чумхурии Точикистон дар ВМКБ мурочиат намудем. Дар ин  муассиса теъдоди бекорон дар ВМКБ дар соли 2016 25 хазору 900 нафар гуфта шуд.

Дар  инфографикаи зер нишон дода шудаст, ки агар ахолии  ВМКБ 218,8 хазор нафарро ташкил кунад, аз ин микдор 26,6 хазор нафар нафакахурон мебошанд.37,9 хазор нафар , ки хонандагони макотиби хамагони мебошанд, аз ин чо тарх мешавад.
Хамчунин шумораи донишчуёни мактабхои оли, ки 3,1 хазор нафар ва шумоари донишчуёни  техники ва литсеи тибби, ки 700 нафар мебошанд, чудо мекунем.
Чавононе, ки дар сафи артиши мили адои хизмат доранд ва шумораашон 1,2 хазор нафар аст, тарх месозем. Шумораи мухочирон 36,6 хазор нафар аст ва ин микдорро низ чудо  мекунем.


Теъдоди аз хама зиёди ахоли, ки 60,2 хазор нафар аст, ин ахолии ба кор машгул мебошанд. Хамчунин 26,6 хазор кудаки аз 1 то 5 соларо чудо мекунем ва микдори 25,9 хазор нафар боки мемонад, ки ин теъдод сафи одамони бешугл дар ВМКБро дар соли 2016 ташкил мекунад.



      Аммо дар асл гуфтахои боло  такя бар нишондодхои омори расми  пешниход шуда буданд. Вокеият ба маротиб дигар аст.                   
Хангоми  вохури б чавонони нохияи Рушон ва Рошткалъа бар омад, ки на хамаи сокинон аз чунин имтиёзхо ва имкониятхое, ки агентии мехнат ва шугли ахоли дар ВМКБ пешниход менамояд, огох мебошанд.

Аз натичаи кор дар нохияхои Рошткалъа Рушон ва Ишкошим бар меояд, ки на хама вакт маблагхои бучети, ки барои пешниходи карзхои имтиёзнок  чихати огози бизнес ба бекорон чудо мегардад, максаднок истифода мегарданд.

Кариб дар хар се нохия нафареро пайдо кардан мушкил буд, ки аз хисоби гирифтани карзхои имтиёзнок аз агентии мехнат ва шугли ахоли имруз сохиби бизнес гаштааст. 
Аммо ба андешаи масъулони ин ниход дар навохи сокинони бешугл карз мегиранд ва  бар асари бухрони иктисоди сари вакт наметавонанд фаъолияти сохибкориро рушд диханд, ё карзро бозпас гардонанд.
Аксари сокинон хатто гуфтанд, ки онхо ин карзхои имтиёзнокро дар нохияхо танхо барои харчи рохкиро то шахри Москва гирифта сарфа мекунанд, ва баъд аз сохиби кор шудан дар он чо маблагро интикол менамоянд.






Дар давоми соли 2016-2017 дар доираи ариб 1 миллион сомони карзхои имтиёзнок барои шахрвандон пешбини шудаанд. Аммо дар нохияхои Дарвоз, Ванч, Мургоб ва Рошткалъа ба сабаби сари вакт бозгашт нашудани кархо фаъолияти пешниходи карз махкам карда шудааст.
Аммо бояд гуфт ба ин руихати номбаршуда метавон нохияи Ишкошим ва Рушонро низ замм кард, зеро хангоми  кор дар ин навохи муайян шуд, ки махз ба ин сабаб карзхои имтиёзнок аллакай 7 мох пешниход намегарданд.


Аммо мушкили дигаре дар паси бозгашт нашудани карзхо он аст, ки дар хар се нохияи калиди сокиноне, ки аз сафи артиши милли хорич мешаванд, аз махбас озод мешаванд ва аз кор хорич мегарданд, беш аз шаш мох тавони гирифтани кумакпулиро надоранд.















Комментариев нет:

Отправить комментарий