вторник, 30 мая 2017 г.

Нархи махсулоти кишоварзи дар Хоруг гарон аст

   
Бозори шахри Хоруг






Мушкилоти асосии минтакаи кухистони Бадахшон дар мавсими бахор ва огози тобистон он аст, ки  маводи озукавори хусусан махсулоти кишоварзи дар бозорхои шахри Хоруг ва нохияхои вилоят гарон мегардад.
         Имсол  бар замми ин  пас аз огози  мохи Шарифи Рамазон  арзиши махсулоти кишоварзи бахусус картошкаву сабзи якбора боло шуд.  Аммо бояд гуфт,  нарххои  махсулоти кишоварзи  дар бозори шахри Хоруг  нисбати  ду хафта пеш  бамаротиб  арзон гаштааст.
          Такрибан  10 руз пеш нархи  як кило картошка ба 8 сомони баробар буд.  Имруз бошад  сокинон  картошкаро аз бозори шахри Хоруг бо  нархи  6 сомони  харидори мекунанд.
         Ба андешаи бархе аз харидорон аз шахри Хоруг  чунин арзиш хам барои  сокинони Бадахшон хело гарон аст.   Ин дар холест, маоши  хадди акал ба  700 сомони баробар аст.
         Бино бар иттилоои   Сарраёсати агентии омори назди Президенти  Чумхурии Точикистон дар ВМКБ ба  хисоби соли 2016-ум шумораи бекорон дар вилоят  беш аз 25 хазор  нафар аст, ки инро  метавон дар худи бозори шахри Хоруг низ мушохида кард.
Сокинони навохи мунтазири кор ва корфрмо дар Хоруг





         Чавонон ва одамони  миёнсол хамаруза   дар канори бозор  чамъ мешавад ва  интизори он мешинанд, ки шояд кассе онхоро барои кор  дар сохтмон ё дар  ягончои дигар даъват бикунанд.
         Асосан чунин  нафарон  аз дехотхои дурдаст ба ин  чо меоянд  ва баъзан корфармоён аз вазъияти онхо истифода бурда,  бо маоши ночиз кори худро  бо мехнати онхо  буд мекунанд.  Бо вучуди ин  онхо барои  хурондаи оилаи худ  ба хама гуна  арзишхо  рози мешаванд
         Дар бозори шахри Хоруг  точирон   иллати гароншавии нархи махсулоти кишоварзиро  айби худ намешуморанд. Онхо мегуянд, имруз хамагуна махсулоти кишоварзи   картошкаву сабзи,караму пиёз, меваю полез ива хатто  кабуди  низ  аз  шахри Душанбе ва  вилояти Хатлон вориди бозорхои шахри Хоруг ва Бадахшон мегардад.

View Карта экспорта продукты питания в г. Хорог in a full screen map

          Хамчунин онхо  гароншавии арзиши  сузишвориро сабабгори баландшавии нарх дар бозор мехисобанд. Нархи як литер бинзини тамгаи 95 дар  нуктахои  фуруши  сузишвории шахри Хоруг аз 7 то- 7 сомони 20 дирам боло рафтааст. Дар нохияхои дурдаст ба мисли нохияхои Мургоб, Ишкошим, води Бартанги  нохияи Рушон ва Ванкалъаи Шугнон арзиши сузишвори аз ин хам баландтар аст.
         Аммо  сафи харидорон дар бозори шахри Хоруг  кам нагаштааст.  Чун харвакта  рохравхои  бозор  пур аз харидор аст. 
         Сокинон имруз  дар бозори шахри Хоруг пиёзро бо 4 сомони,  картошка-6 сомони, карам-4 сомони,  бодиринг-5 сомони,  помидор-7, сабзи 4,50 сомони харидори мекунанд.



         Аммо дар ин бозори кучак низ метавон нарххои мухталифро  вохурд. Барои мисол агар дар магозаи Фаровони бозори шахри Хоруг   як килограмм помидор 16 сомони арзиш дошта бошад,  дар худуди  Терминали мусофиркашонии шахри Хоруг , ки катори  фуруши махсулоти кишоварзи ташкил шудааст,  арзиши  як кило помирдор 7 сомони мебошад.
         Хамчунин  дар бозори шахри Хоруг  нархи як кило гушти гов-29 сомони, гушти гусфанд-30 ва гушти мург ба  19 сомони  баробар аст.
         Дар худуди ВМКБ  аз махсулоти гизо танхо орд истехсол мегардад,  ва аризиши як халта орди  навъи якум сокинон бон архи 160 сомони харидори мекунанд.
Азбаски  асари бухрони иктисоди  ба мардум расида истодааст,  аксаран  сокинон  махсулоти ниёзи аввала орду, шакару равгани биринч, намак, макорон ва дигархоро харидори мекунанд. 
             Ин гунна махсулот бошад,  дар  нуктахои фуруши махсулоти гизои, ки аз тарафи  Агентии захирахои  моддии давлатии  назди Хукумати Чумхурии  Тоичикистон  ташкил шудааст, бон архи  таъгирнашаванда  ва дастраси мардум  фурухта мешаванд. 
          Аз тарафи агентии мазкур  хар рузи шанбе   ярмаркаи махсулоти гизои  таъсис дода мешавад, ки  таваччухи сокинон ба он хело зиёд аст.  Бидуни ин  агентии мазкур дар бозори шахри Хоруг  дукони пайвастаамалкунанда дорад ва  хамаруза  ниёзи мардумро чихати таъминоти маводи ниёзи аввалаи гизои конеъ мегардонад.     
         Барои  таъмини   оилаи худ  сокинони вилоят  ба хар роху воситае талош мекунанд. Хушбахтона  дар шахри Хоруг аллакай  бунёди  12 иншоот дар назар  гирифта шудааст ва сохтмони  бархе аз ин иншоотхо  аллакай   огоз гардидааст, ки ин  чойи кор барои сокинони вилоят ва манбаи даромади оилаи онхо  хохад гардид.




                                                                                                Алишер Чунайдов, ТВ Точикистон


Комментариев нет:

Отправить комментарий